6 ноябр рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон муборак!

Нақши созанда ва сарнавишсоз Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо шарофаи Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷашнҳои аҷдодии миллати худро бо ифтихори баланди ватандорӣ ва шургузорӣ аз ваҳдату якпорчагӣ таҷлил намуда, ба таъриху фарҳанги қадима ва муосири ин халқи тамаддунофар аҷргузорӣ намоянд.

Дар баробар ҷашнҳои муқаддас ба мисли «Истиқлолияти давлатии ҶТ», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Рӯзи забони давлатии ҶТ», «Рӯзи Парҷами давлатии ҶТ», «Иди байналмилалии Наврӯз», «Рӯзи Конститутсияи ҶТ» 6 ноябри ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Имсол 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати башардустонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо тантана ҷашн мегиранд.

Дар саргаҳи давлатдори навини тоҷикон қабули Конститутсияи нави мамлакат, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифтааст, нақши созанда ва сарнавишсоз дорад. Дар ин Конститутсия таҷриба ва андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйиру иловаҳои бунёдӣ, ки ба дунболи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омаданд, дар низоми қонунгузорӣ ва мақому мавқеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардид, давраи комилан наверо ба миён овард. Таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар меҳвари пайомадҳои ин марҳалаи нав қарор дошт.

Маврид ба зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз соли 1989  ва махсусан пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Сарвари давлат тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромҳои сиёсӣ, вазъияти буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад.

Кӯшишҳои пайгирона ва ҳадафмандона дар таҳияи Лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд. Баъдан Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олӣ дар таърихи 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд.

Дар ҳамин ҷаласа Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва тафсири моҳияти сиёсии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат изҳор дошт: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».

Дар асоси дастурҳои Сарвари давлат гуруҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои тафаккури миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентӣ таҳия гардида, ба баррасии мардум пешниҳод карда шуд.

Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан мухолифи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ пешниҳод карда шавад.

Тавре дар боло қайд гардид бори нахуст 6 ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ бо ҷонибдории беш аз 87 фоизи шаҳрвандон, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне қабул шуд, ки оташи зиддият ва муқовимати неруҳои мухталифи мухолифон ҳанӯз фурӯ нанишаста буд ва сохтори сиёсиву низоми иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳоли таҷдиду ташаккул қарор дошт. Танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия, ки талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат дар роҳандозии сулҳу оштӣ ба марзи фарҷоми мантиқии худ расид, мамлакат дар ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии худ ба давраи сифатан нави пешрафту таҳаввул ворид гардид.

Воқеияти таърихӣ нишод дод, ки маҳз ҳамин конститутсия ва ҳамин интихоб сабабгори пойдору побарҷо мондани давлати тоҷикон ва ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик гашт.

Қайд крдан ба маврид аст, ки бо тақозои рушди ҷомеаи демократӣ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Бори аввал 26 сентябри соли 1999, бори дуюм 22 июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016 ин тағйиру иловаҳо бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифтааст.

Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо насли имрӯзу оянда ва махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллӣ расида, дар кору пайкори ҳаррӯзаашон меъёрҳо ва уҳдадориҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзанд.

 

Рузи Конститутсия муборак ҳамватанони азиз!

 

Раиси суди ноҳияи

Мурғоби

ВМКБ

Акбарали Каримӣ