Машғулияти семинари оид ба сомонаи суди

Санаи 25 апрели соли 2025 дар бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо ташаббуси роҳбарияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешбурди сомонаҳои судӣ бо мақсади тезонидани раванди рақамикунонӣ ва ба роҳ мондани низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” баргузор гардид.

 

Семинари мазкур бо ҳадафи татбиқи мукаммали дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид, роҳандозӣ шуда, дар заминаи барномаҳои давлатӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии соҳаи фаъолияти суд сурат гирифт.

 

Дар чорабинии мазкур судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидкоим Саидқадам ва мудири шуъбаи таъмину ташкили кори судҳои ВМКБ Тойчиева Перизат баромад намуда, оид ба роҳҳои такмили кори сомонаҳои расмии судҳо, мукаммалсозии низоми почтаи электронӣ ва мубодилаи муосири ҳуҷҷатҳо байни мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ суханронӣ намуданд.

 

Ҳадафи асосии баргузории чунин семинарҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамии кормандони судӣ, таҳкими кори иттилоотӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти суд мебошад.