Мақолаи раиси суди нохияи Мурғоб дар бораи Истиклолияти давлатӣ

Истиқлолият ва дастовардҳои он

 

 

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ бузургтари неъмати худододӣ мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як халқу миллат аст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини миллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукуҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарчашмаи кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи кишвари азизамон гардид.

Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза ва фардо вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузоштааст, ки бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд.

Дар давоми 34 соли истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғ. мебошад.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва қабул гардидани қатъномаи СММ, яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳам эълони рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Теъдоди зиёди ҳаммуалифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳани ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод доранд.

Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохтааст. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил дода, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба рӯҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид.

Ин хизматҳои Сарвари давлат дар назди таъриху миллат бо ҳарфҳои заррин ва бо абадият нақшбандӣ мегардад. Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навоварӣ ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самтҳои гуногуни ҳадафҳои стратегии кишвар садҳо тан мутахассисони соҳибтаҷриба тарбия ва ба воя расидаанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба ватану миллат анҷом медиҳанд.

Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Мо, фарзандони имрӯзи Тоҷикистон бо ифтихор ва сарбаланди мегӯем: -Тоҷикистони азиз! Ту бо таҳкими сулҳу субот гул-гул мешукуфӣ, ояндаи ту дурахшон аст. Мардуми ҷонфидоят, манзараҳои зебоят, обҳои мусаффоят, меваҳои шаҳдборат, заминҳои зархезат, кӯҳҳои пурганҷат ҷовидон бод. Ҷашни Истиқлолият муборак Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик!

 

 

 

Раиси суди ноҳияи

Мурғоби ВМКБ

Акбаралӣ Каримӣ