Баромади раиси суди нохияи Мурғоб бахшида ба рузи милитсия.

Аввалин дастаҳои милитсияи тоҷик
10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда мешавад. Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст.
Ҳукумати муваққатии Россия 6 марти соли 1917 Қарор дар бораи барҳам додани корпуси жандармҳо ва 10 марти соли 1917 Қарор дар бораи барҳам додани департаменти политсияро қабул намуд. Политсия ба милитсияи халқӣ табдил дода шуд, ки роҳбаронаш интихобӣ буда, ба мақомоти идоракунии маҳаллӣ тобеъ буданд.
Аммо милитсияи Ҳукумати муваққатӣ баъд аз инқилоби Октябр 25 октябри (7 ноябр) соли 1917 барҳам дода шуд. Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати корҳои милитсия 2 декабри соли 1917 барҳам дода шуда ба ҷойи онҳо комитетҳои ҳарбӣ-инқилобӣ таъсис дода шуданд. Бо ташаббуси Ф.Э. Дзержинский комиссияи махсуси аз навташкилкунии ҳифзи шаҳр созмон дода шуда, милитсияи куҳна барҳам дода шуд ва ба ҷои он милитсияи нав бунёд гашт.
28 октябр (10 ноябр) соли 1917 Комиссариати корҳои дохилӣ Қарор «Дар бораи таъсиси милитсияи коргарӣ»-ро қабул намуд. Баъди 5 моҳи фаъолияти Комиссариати корҳои дохилӣ (НКВД) моҳи марти соли 1918 бо пешниҳоди комиссари корҳои дохилӣ Г.И. Петровский масъалаи ташкили воҳидҳои хизматии милитсия гузошта шуд. 21 марти соли 1918 дар маҷлиси Шӯрои комиссарони халқ масъалаи пешниҳоди Низомномаи милитсияи оммавӣ ҳамчун мақомоти коргару деҳқон, ки ҳимоятгари ҳуқуқ ба манфиатҳои меҳнаткашон мебошад, гузошта шудааст. 10 майи соли 1918 ҷаласаи мушовараи Комиссариати корҳои дохилӣ (НКВД) чунин қарор қабул намудааст: «Милитсия ҳамчун воҳиди доимии шахсоне мебошад, ки функсияҳои махсусро иҷро менамояд, ташкили милитсия бояд новобаста аз ташкили Артиши Сурх гузаронида шуда, вазифаҳои онҳо ба таврӣ қатъӣ ҷудо карда шаванд». Ҳамин тавр дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ мақомоти милитсия таъсис ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки В. И. Ленин моҳи марти соли 1917 дар асари худ «Мактубҳо аз дур» оид ба милитсия андешаҳои худро чунин навиштааст: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Генерал-майори милитсия Абдулҳаким Розиқзода доир ба таърихи таъсиси милитсия тадқиқот анҷом дода, дар рисолаи илмаш навиштааст: «Соли 1924 баъд аз тақсимоти ҳудудию миллии Осиёи Миёна дар ҳудуди собиқ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро якчанд ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуданд. Моҳи декабри соли 1924 Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аллакай то 20 декабри соли 1924 комиссари халқии корҳои дохилӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Комиссариат, аз ҷумла, сардори милитсия Ф.Я. Ижевский ба вазифаҳо таъйин шуданд, ки онҳо мутахассис ва донандаи якчанд забонҳо буданд».
Генерал-майори милитсия Абдулҳаким Розиқзода таъкид мекунад, ки мафҳуми милитсия дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз солҳои 1916-1917 дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дучор меояд. «Дар асоси ҳуҷҷатҳои зиёду мӯътамади бойгонӣ метавон гуфт, аллакай аз декабри соли 1917 дар қисмати шимолии Тоҷикистон милитсия фаъолият мекард ва номи шахсиятҳои таърихӣ, ба мисли Ҳайдар Усмонов, Қутбиддин Наҷмуддинов, Бобо Содиқов, Қобилхӯҷа Искандаров, Комил Ёрматов (асосгузори санъати кино дар Осиёи Миёна), Додомат Турсунов, Мирзояҳё Аминов, Аҳмадхон Саидхонов (Муборакқадам) ба фаъолияти милитсия сахт марбут мебошад. Беҳуда нест, ки вақте аз ғалабаи Ҳокимияти шӯравӣ ва таъсиси аввалин дастаҳои милитсия сухан равад, ҳатман аз Ҷӯра Зокиров ва Ҳайдар Усмонов чун нахустин милитсионерҳои тоҷик ёд карда мешавад».
Дар ВМКБ милитсияи тоҷик аз баҳори соли 1918 ба фаъолият оғоз кардааст. Ибтидои соли 1918 як теъдод сарҳадчиёни русро, ки муҳлати хизматашон ба охир расида аст, ҷавоб доданд ва бо ҳамин шумораи сарҳадбонон хеле кам гардид. Барои ҳамин 23 майи соли 1918 бо фармони Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Шӯравии Туркистон ҳайати сарҳадбонон аз ҳисоби 20 нафар ҷавонони маҳаллӣ, ки дастаи ихтиёрии милитсия меномиданд, пурра карда шуд. Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Туркистон бо назардошти аҳамияти стратегии сарҳад 10 июни соли 1918 қарор қабул мекунад, ки мувофиқи он аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ дар ҳайати 300 нафар дастаи милитсия таъсис дода шудааст. Дар таъсис додани дастаҳои милитсия дар ВМКБ, духтури сарҳадбонон Вичич, Хуррам Боқиев, Азизбек Наврӯзбеков, Иброим Исмоилов, баъдтар Т.М. Дияков, Шириншо Шотемур ва дигарон саҳми арзанда гузаштаанд.
Дар қисмати Тоҷикистони марказию ҷанубӣ баробари фаъолияти Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (ЧДК) аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия соли 1921 пайдо шудаанд. Яке аз шуъбаҳои Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ шуъбаи ҳифозат номида мешуд, ки ба таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сару кор доштаст.
Нахустин нозири (вазири) корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро Саидҷонов Мухтор Юлдошевичи тоҷик буд. Дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Ғарм, Кӯлоб, Ҳисор ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои штатии милитсия муайян шуда буданд.
Ҳамин тавр, профессор Абдулҳаким Розиқзода собит кардааст, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон то соли 1925 вуҷуд доштааст. 10 октябри соли 1920 ба дӯши Нозироти корҳои дохилӣ уҳдадориҳои ташкил ва идораи милитсия гузошта шуд. Барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 оғоз ёфт. Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа аллакай таъсис ёфта, амал мекарданд. Дастаҳои навтаъсиси милитсияи тоҷик дар муборизаҳои мафкуравӣ барои барпо намудани ҳаёти нав ба муқобили дастаҳои ғоратгари босмачиён ҷоннисориҳо карда, барои ба марҳалаи нави таърихӣ гузаштани миллати тоҷик саҳми шоиста гузоштанд.
Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раиси суди ноҳияи
Мурғоби ВМКБ
Акбаралӣ Каримӣ
Суди ноҳияи Мурғоб 