Ҷамъбасти судӣ ноҳияи Мурғоб

Љамъбастии амалияи судї

оид ба баррасии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ (моддаи 460 КҲМ ҶТ), дар давоми соли 2023 аз тарафи суди ноњияи Мурғоби ВМКБ барраси карда шудаанд.

 

«04» октябри соли 2024. н. Мурғоб

 

Дар асоси Наќшаи кории суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ барои нимсолаи дуюми соли 2024, амалияи судиро оид ба баррасии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ (моддаи 460 КҲМ ҶТ), љамъбасти гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Xумҳурии Тоxикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Љумҳурии Тољикистон дар ташаккули қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон падидаи хеле муҳим буда, xиҳати татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлати Тоxикистон натиљаи назаррас мебошад.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Xумҳурии Тоxикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Љумҳурии Тољикистон дар таҳрири нав бо такя ба муқаррароти Конститутсияи Xумҳурии Тоxикистон тадриxан амали худро ба xараёни рушду инкишофи системаи ҳуқуқии мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таҳкими ҳокимияти судb нигаронида шудааст.

Боби 9-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Љумҳурии Тољикистон тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурї ва тартиби баррасии онҳоро, аз љониби мақомоти ваколатдор (шахси мансабдоре), ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасb менамоянд, муқаррар намудааст.

Чунончb парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро дар доираи ваколатҳои судя моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Xумҳурии Тоxикистон муқаррар намудааст, аз xумла баррасии парвандаҳои ҳуқуқваиронкунии маъмурb майдаавбошӣ, яъне моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Љумҳурии Тољикистон ба салоҳияти суд ва судяҳо вогузор шудааст.

Мутобиқи талаботи моддаи 2 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Xумҳурии Тоxикистон, вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурї аз инҳо иборатанд:

-муқаррар кардани тартиби барасмиятдарорї ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурї;

-ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-ҳимояи манфиатҳои қонунии љамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурї зарар дидаанд;

-ба љавобгарии маъмурї кашидани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурї содиркарда;

-таъмини баррасии саривақтї ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурї аз љониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор);

-риояи меъёрҳои мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурї ҳангоми татбиқи қонунгузорї оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурї;

-кафолати ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурї ва шахсони дигар;

-муқаррар кардани тартиби иљрои қарорҳо оид ба татбиқи љазои маъмурї ва санадҳо оид ба татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурї.

Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурї барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқї, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурї, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баррасии одилонаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз љониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор) равона карда шудааст.

Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон дар таҳрири нав дар худ меъёрҳои конунҳои мурофиавиро дарљ намудааст.

Ҳангоми гузарондани љамъбасти мазкур муайян карда шуд, ки дар давоми соли 2023 ба суди ноњияи Мурғоби ВМКБ 17 адад парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон, яъне майдаавбошӣ ворид ва баррасӣ гардидааст, ки аз ин шумора 9 парванда нисбати 9 нафар љазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 2652 (ду ҳазору шашсаду панҷовуду) сомонӣ, таъин гардидааст, ки маблағи мазкур ба манфиати давлат рӯёнида шудааст. Ба 7 парванда ҳабси маъмурӣ таъин гардидааст, як парванда барои аз нав барасмият дарорӣ ба мақомоти дахлдор баргардонда шудааст ва нисбати ягон нафар парвандаҳо дар пешбурд қатъ карда нашуддаанд.

Ҳангоми гузаронидани ҷамъбастӣ муайн карда шуд, ки 14-нафар ҳуқуқвайронкунандагон истиқоматкунандагони Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, 3-нафар Ҷамоати деҳоти Аличур мебошанд. Қайд кардан зарураст, ки 3-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 3-нафар зан аз Ҷамоати деҳоти Аличур баррасӣ гардидааст.

Љамъбасткунии мазкур нишон дод, ки судяњои суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ њангоми баррасии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ин категорияњои њуќуќвайронкуни талаботњои Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрию њуќуќиро риоя менамоянд.

Инчунин ќайд кардан бо маврид аст, ки судяњо асосан вобаста ба сари ваќт ва дар муњлатњои муќарар кардаи ќонун баррасӣ намудани ин парвандањо тадбирњои амали андешида, дар баррасии парвандањои мазкур умуман вайронкунии муњлат ба назар намерасад.

Њамчунин санљиш нишон дод, ки ба баррасии суди воридшавии ин категорияи парвандањои ҳуќуќвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соли 2022 тамоили кашавӣ доранд. Зеро дар муќоиса бо соли 2022 нисбатан парвандаҳои мазкур камтар баррасӣ карда шудаанд. Агар дар соли 2022 дар суд 50 адад парвандаи категорияи мазкур ворид ва мавриди баррасї ќарор гирифта бошад, дар соли 2023 ин шумора ба 17 адад парванда расидааст, ки 33 адад кам мебошад. Инчунин дар муқоиса ба 9-моҳи соли 2024 ин категорияи парвандањои ҳуќуќвайронкунии маъмурӣ хеле кам буда танҳо як парванда бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ворид ба баррасӣ гардидааст.

Аз парвандањои баррасигардида ягон шикояти хусусӣ аз тарафи ҳуќуќвайронкунандагон оварда нашудааст, ин аз он шањодат медињад, ки ҳуќуќвайронкунандагон ба ќарорњои ќабул намудаи судяҳо розӣ буда худро дар содир намудани чунин ќоидавайронкуни гунањгор њисобиданд. Инчунин аз парвандањои барраси гардида ба тариќи назорати мавриди барраси ќарор дода нашудаанд.

Мувофиќи талаботи ќонун судя баъди ќабули парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурb ба баррасии суд бо риояи меъёрњои Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон, ки дар бораи таъини мурофиаи судӣ ба муњокимаи судї ба танзим медарорад, яъне ба омилњои дуруст ва сари ваќт баррасї намудани парвандањо бояд, ки диќқати љиддӣ дињанд ва дар ин бора таъинот дар бораи таъин намудани парвандаи њуќуќвайронкунии маъмури ќабул намоянд.

Санљиш нишон дод, ки ҳамаи парвандањое, ки аз тарафи судяњо баррасї гардидаанд, њангоми ќабули таъинотњо дар бораи таъини парвандаи маъмурb ба муњокимаи судї тадбирњои заруриро аз ќабили даъват намудани ҳуќуќвайронкундагон, фаҳмонидани ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо, дигар амалҳои мурофиавї ва тартиб додани таъинот дар бораи таъини парванда риоя гардидааст, ки ин ҳолат шаҳодати он мебошад, ки судяҳо талаботи моддаҳои 133 ва 134 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон риоя менамоянд.

Омeзиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурb бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки дар муњлати муќарар намудаи ќонун парвандаҳои мазкур барраси гардида, нусхаи ќарорҳо ба њуќуќвайронкунандагон супорида шудааст.

Аз омeзиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур, бар меояд, ки аксари ҳуқуқвайронкунандагон, ки ба xавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд шахсони сину соли гуногунро ташкил дода, ҳуқуқвайронкунии мазкурро дар ҳолати мастӣ, ки ҳамчун ҳолати вазбинкунанда ба шумор меравад содир кардаанд.

Тавре аз протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури дида мешаванд, аз xониби шахси мансабдори ваколатдор, ки ҳуқуқи тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳуқeқвайронкунандагон ва дигар иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, фаҳмонида нашудааст.

Муврфиқи қиси 2 моддаи 79 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, инчунин ба ҳимоятгар ва дигар иштирокчиёни баррасии парванда ҳуқуқу уҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинигардида фаҳмонида шуда, он дар протокол сабт карда мешавад.

Инчунин аз қарорҳои оғози парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад, ки дар қисми муайянкарди қарорҳо, вобаста ба ҳолати содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сабаб ва шароити содиршавии кирдор маълумотҳо нокифоя мебошанд.

Барои дар самти баланд бардоштани маърифатноки ва донишу малакаи њуќуќии шањрвандон корњои назаррасе, аз он љумла корњои фаҳмондадињи ва омӯзиши њуќуќии шањрвандон, анљом дода шаванд. Баланд будани маърифатноки ва донишу малакаи њуќуќии шањрвандон низ яке аз комёбињо ва кам гардидани чунин кирдорњои њуќуќвайронкуни мегардад.

Омeзиши парвандањои мазкур нишон медињад, ки њамаи онњо сари ваќт, дар муњлати муќаррар намудаи ќонун баррасӣ гардида, вобаста ба баррасии онњо ќарорњои ќонунӣ ќабул карда шудааст. Ягона камбудие, ки метавон номбар кард ин кам будани таъинотҳои хусусї, пешниҳодҳо ба маќомотњо ва кам баррасӣ намудани ин ќабил парвандањо дар судњои сайёр мебошад.

Баровардани таъинотҳои хусусї, пешниҳодҳо ва дар суди сайёр баррасӣ намудани ин ќабили парвандањо, яке аз чорањои таъсиррасонии судb буда, метавонистанд дар оянда содир намудани чунин њуќуќвайронкуниҳоро пешгирӣ намоянд.

Њамин тавр, љамбастии гузаронида нишон медињад, ки сабаби пайдо шудани чунин кирдорњои њуќуќвайронкунии маъмури, яъне аз тарафи маќомотњои дахлдор ба таври бояду шояд ба роњ намондани самти фаъолияти кориашон мебошад.

Хулосаи љамбастии мазкур дар маљлиси кормандони суд мавриди муњокима ќарор дода шуда, оид ба натиљаи он ба маќомоти дахлдор пешнињод ирсол карда шавад.

 

 

Раиси суди ноњияи

М

урғоби ВМКБ: Каримӣ А.Р.